يادبود

БА НОМИ ХУДО

.

"ГАВХАРЕ НУХУФТА ДАР СИНАИ ЗАМИН"


МАРДИ ХУДО ШОХ БУВАД ЗЕРИ ДАЛК,

МАРДИ ХУДО ГАНЧ БУВАД ДАР ХАРОБ.

МАРДИ ХУДО НЕСТ ЗИ БОДУ ЗИ ХОК ,

МАРДИ ХУДО НЕСТ ЗИ НОРУ ЗИ ОБ.

(Мавлави)

Ахли ирфон рузи рехлати фарзонагон, ахли дилро "Рузи аруси" мегуянд. Рузи ахди банда бо махбуби хеш. Хамон, ки Куръон мефармояд: "Инна лиллахи ва инна иллайхи рочиъун" (Мо аз суи Худо (ч) омадаем ва ба суи У бармегардем). Банда баъди ба чой овардани рисолати худ дар ин чахон ба асли хеш, яъне ба макони асли ва ба манзалати малакутии хеш бармегардад.

Аслиддини Сохибназар аз он шахсиятхои азиз аст, ки мутмаъинам, ба умеди Худо(ч), ин рисолати башарии худро ба анчом расониданд ва ба макоми малакутии худ рахсипор гаштанд. Харчанд у ин рисолатро бештар мехостанд амали бубинанд. Миллати худро бо пирузихои як кишвари озод ва сохибихтиёр ва дорои ахлокхои хамида ва рафторхои писандида бубинанд. Вале, ба у факат назарияи ин орзухо насиб гашт.

Мегуянд, Мусо (а) замоне, ки бо фармони Худои таъоло кавми хешро ба суи заминхои мукаддас рахнамойи мекард, баъди чандин солхои азобу машаккат ва бо орзухои расидан ба ин сарзамин дар нуктае, ки фосилаи хеле каме боки монда буд, Худованд (ч) ба Мусо(а) вахи фармуд, ки Мусо(а), ин чо рисолати нубувати ту ба охир расид. Мусо(а), ки солхо орзуи дидани ин сарзаминро дар дил дошт ва мехост кавми худро ба он чо бодастони худаш бирасонад, дар тахайюр монд ва ба Худованд(ч) ба таваллову зори мурочиъат кард, ки ичозати расидан ба ин сарзаминро ба у бидихад. Худованд(ч) ба у хитоб фармуд, ки Мусо(а), ин нуктаи охирини нубуввати туст. Мусо(а) аз ин асрори Худованд(ч) бо дили пурреш факат як табассуме кард.

Хофиз, асрори илохи кас намедонад, хамуш,

Аз ки мепурси, ки даври рузгоронро чи шуд?

Ман эхсос мекунам, ки Аслиддин бо синае пур аз фигон ин дунёро падруд гуфтанд. Ва ин хама аз имони мустахками у ба миллати худ буд. Фигони миллат, садчандон фигони калби у буд ва ашки миллат хазорчандон ашки чашмони у. Хеч вакт ба касе ичозат намедоданд, ки худое накарда нисбати ин кавм харфи носазое бигуяд. Ва у саропо оташ мешуд ва мегуфт: " Ба Худо касам, ки мисли ин кавм худованд бехтарашро наёфаридааст - бо имону, бо ахлоку, бо арзишхои воло. Уро шикастаанд, шумо боз бештар мешиканедаш?"

Аз ин ру рехлати Аслиддин Сохибназар як фочиаи миллии кавми мост.

Аслиддин яке аз он чанд ситорагони маънавию, сиёсии осмони андешаи тозаи миллат буд, ки дар солхои хаштод дар калбхои мардум нурпоши карданд ва аз умеди тозаи озоди ва озодаги навид доданд.

Аслиддин фонусе буд дар шаби тори магзхои шахмондаи мардум дар он солхои тулони.

Аслиддин як номуси милли буд.

Барои ин сифатхоро дарёфтан бояд тавонист даст ба танури синаи оташини у гузошт ва чанг ба умки андешахои волои у ва гуш ба калби пуршуру бекарори у.

Аслиддин мисли садои аввалин азони бомдод буд дар калбхои ташнаи худочуён.

У барои дардхои миллати хеш мегирист, вале чавонмардона мегирист, яъне бо дили хеш. Ашки у, ашки дил буд, ки мушкилтарин ва пурдардтарин ашк аст дар вокуниш бар беадолатихои ин чахон.

Чи марде буди ва чи бандаи шоистаи Худованд, ки Худо (ч) рахматат кунад, эй инсони малакути, ки чои худро холии холи монди ва андух дар калбу, ашк дар чашмони хаводорону пайравони хеш. Харчанд андуххо ва гамхо равандаанд, вале андуху, гаму, алами ту хар руз бештару бештар синахоро харош медихад. Ба гуфтаи Сиёвуш:

Ашке намондааст, ки резам ба хоки ту,

Чоне намондааст, ки кунам синачоки ту.

Ва дуруду ахсан ба рухи поки Саидулсодат Саид Чамолуддин, ки гуфта буд: "Донишманди Шарк, то замоне, ки зинда аст мурда ба хисоб меояд ва чун мурд зинда мешавад".

Харчанд Аслиддин хангоми хаёт дар байни мардум махбубияти зиёде доштанд, вале он тавр, ки мебоист уро нашинохтанд.

Боре баъди чандин солхо Аслиддин барои корхои расмии давлатии хеш ба шахри Бишкек омаданд. Яке аз дустон уро ба мехмони хонданд ва баъди бархостан, ки аз дарвозаи хавлии у берун мебаромадем он дуст гуфтанд, ки модарам, ки аз Вахш омадаанд хохиш доранд, ки Аслиддинро холпурси кунанд. Ман Аслиддинро гуфтам ва у баргашт. Ва аз миёни анбухи мехмонон пиразане бо либосхои бисёр сода ва тору тоза ва румоли сафеде, ки аз зери он муйхои сап сафеди у намоён буд, бо комати каме хамида ва сартосар бо нишонахои иффати занонаи точик (ва ман нури вокеъии модаронаро дар чехраи у медидам) ба истикболи Аслиддин омаданд, комати хамидаи худро боз хамтар намуданд, дастхои уро ба дастони хеш гирифтанд бусиданд ва ба чашмони хеш молиданд ва дигар натавонистанд чизе бигуянд, факат зери лаб дуъое мекарданд. Ва Аслиддин хам хомуш, ашк гулугираш карда буд ва натавонист чизе бигуяд. Сахнаи кутохе буд, вале касе наметавонист бидуни эхсос ва ашк аз он бигзарад. Сахнаеро медидам, ки модари азиз баъди чандин солхо фарзанди дилбандашро мулокот мекунад ва модарона мебуяд ва модарона мебусад ва навозиш мекунад ва шукри Худоро мекунад ва дуъои саломатии чони уро.

Вокеъан, ин лахзахо бисер хассосанд, хусусан замоне, ки модари пиру, нотавони точикро дар мусофиратхои дур аз Ватан, дар чустучуйи чигарбандонаш мебини. Ва он лахза хам лахзае буд, ки он руз диданаш ашковар буд ва имруз ёдкарданаш. Вале ин модар, ин чавонмардеро, ки хеч вакт надидабуд ва факат уро шунидабуд, фарзандвор кабул дошт ва навозиш мекард.Ин нишонаи шахсияти миллист ва арзиши эхтироми миллат!

Ох, ох аз дасти саррофони гавхарношинос,

К-ин замон хармухраро бо дур баробар мекунанд.

Ман наметавонам тасаввур бикунам, ки марги чунин фарзонаро зану фарзандонаш, бародаронаш, ёру дустонаш, мардумону рушанфикрони точик чи гуна тахаммул мекарданд, агар намедонистанд, ки ингуна ашхоси Худованди намемиранд!

Ки гуфт, ки он зиндаи човид бимурд,

Ки гуфт, ки он чашмаи умед бимурд.

Он душмани хуршед баромад лаби бом,

Ду чашм бубасту гуфт хуршед бимурд.

Кавм бар ин гуна нобигагони хеш хам мегиряд ва хам меболад ва ифтихормекунад.

У то охирин нафаси вопасини худ аз касе биму харос надошт.Ин хам нишонаи имони кавии у буд.

Кабутар бачаи худро чунин гуфт:

Нашояд зист бо хуи харири,

Агар "Ёху" зани аз шавки масти,

Кулахро аз сари шохин бигири.

У тамоми умр факат бандаи Худои хеш буд ва бандаи хеч бандаи носазое нагашт.

Ман ба у боре дар бораи устод Лохути, ки замони инкилоби Машрута шеъри " Ё хар ду"-ро навишта буд хикоят кардам. Он замоне, ки хукуматдорон устод Лохутиро даъват карданд то уро фишор биёваранд ба ин шеъри навиштааш. Ва он мансабдор ин байтро аз он шеър бархонд:

Вакил аз хидмати миллат тагофул мекунад амдан,

Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор, ё хар ду?

Мансабдор бо тунди гуфтанд: "Яъне чи?"

Устод Лохути оромона посухаш доданд: "давомашро бихон"

Мансабдор хонд:

Вакилону вазиронанд хоин фош мегуям

Агар дар зери тегам ё ба руи дор ё хар ду?

Устод Лохути ишора карданд, ки агар мо тарсе медоштем ин харфхоро намегуфтем. Аслиддин аз ин завк карданд ва хандиданд. Яъне, мо хам чунинем. Ва чунин хам буданд, ки Худованд рахматашон кунад.

Куръони Карим мефармояд:

"Мо нишонахои худро дар даруни вучуди инсонхо ба онхо нишон медихем". (Зориёт-21)

Хар чи зебост дар дунё ва харчи бомаъност нишонахое аз зебоихо ва маънохои Худованд(ч) аст. Инсонхои хуб неъматхои Худоянд (ч). Харчанд асрорхои Худо (ч) дар зери чандин пардахоянд, вале барои инсон он кадар ин сирри хешро ошкор ва урён мекунад, ки факат тафаккур мехохад, ки бо он бубинад ва имон, ки бо он эътикод кунад.

Худованд(ч) ин бандаи хешро бо хама нишонахои зебо ороста буд - номи зебо, чехраи зебо, тафаккури зебо. Хунархои комил ва чомеъро дар як мавчуди худ ороста буд, ки ин неъмат хадяи ман аст ба шумо инсонхо.

Мисле, ки худи Худованд ба мо ишорат мекунад, ки "охир ман дар сурати у,сирати у, муи сафеди чун оби зулоли у, ба шумо башорат додаам. Дар каломи у, ки факат рости аст, имон аст, поки аст ишорат медихам, ки у солики рохи ман аст ва хакикати рохро бар шумо мегуяд.

"Он кас аст ахли башорат, ки ишорат донад". Вале хайхот, ки "У сад далел овардаву мо карда истидлолхо".

Аслиддини Сохибназар - он гулдастаи Худо (ч) буд, ки рузе чанд барои атрпоши дар гулистони мо сайр карданд ва мо нашинохтемаш ва аз мазхари у хуб истифода накардем ва хуб шукрашро ба чой наовардем.

Ва гузашту рафт, назди махбуби хеш, Худои хеш. Гуё ба мо мегуфт:

Ба рузи марг чу тобути ман равон бошад,

Гумон мабар, ки маро дарди ин чахон бошад.

Барои ман ту магирйу магу дарег, дарег,

Ба доми дев дарафти, дарег он бошад.

Чанозаам чу бини магу фирок, фирок,

Маро висолу мулокот он замон бошад.

Мутаасифона, он рузи чанозаи бошукухи у ман хозир набудам ва намедонам тобути у сари дастхо ва бар души мубораки кадом дустон ва таборони у буд. Ва оё он замон ин эхсосро мекарданд, ки сари дастхо ва души онхо гавхарест, ки чанде пас онро ба огуши замин месупоранд. Зеро аз аввал ин буда, ки ганч зери замин нухуфта мегардад.

Мо хеч вакт барои шахре, ки хароб гаштааст нанолидаем ва барои касре, ки сухтааст насухтаем ва барои сармояи дунёи ашк нарехтаем ва нахохем рехт. Валек, барои Аслиддин ва Аслиддинхо шабу руз, солхо ва асрхо бояд гирист, ашк рехт, бояд сухт ва нолид. Зеро инхо сармояхои асрхо ва хазорсолахо чушида ва андухтаи миллати мо буданд.

Асрхо бояд, ки то аз лутфи Хак пайдо шавад,

Боязиде дар Хуросон ё Увайсе дар Каран.

Имрузхо, дар бораи даргузашти Аслиддин ва сабаби марги у чизхое мегуянд. Вале, дарди у дарди замонаш буд. Агар саратон буд, саратони замонаш буд. Саратоне, ки саросари решахову риштахои хаётии ин чомеаро фаро гирифта ва дар ин дарди саросари кас дарди мушахасро намебинанд, чун хама дард аст.

Мегуянд, ки замоне хокимони вакт самоъи дарвешонро манъ карданд. Дарвешеро, ки мачлиси самоъ дошт баъди ин "укда"-е (дарде) пайдо шуд дар андарун ва ранчур афтод. Хозиктарин табиби шахр ба муоличаи у машгул шуд, вале натавонист коре бикунад. Дарвеш вафот ёфт. Баъди чанде ин табиб тахайюр дар укдаи дарвеш, рафт гуристон, гурро канд ва синаи дарвешро шикофт ва он укдаро берун кард, ки хамчун "акик" буд сафед ва бо дурахш. Онро гирифт ва дар токи хона гузошт. Ва ба вакти хочати моли мачбур онро бифурухт бо кимати хеле гарон. Ва он даст ба даст шуд, то расид ба дасти хокими шахр. Ва хокими шахр фармуд, то аз он ба у нигини ангуштаре кунанд. Аз казо, баъди чанде солхо, хоким аз чое мегузашт, ки мачлиси самоъ буд. Хоким он тараф нигарист ва дид, ки чомааш аз хун пур шуд. Хар чои худро дид захме набуд. Чун ба ангушт нигарист, нигин гудохта буд ва аз он хун мисли чуй чори. Чои он нигинро талаб кард. Кофтанд ва саранчом ба табиб расиданд ва табиб кисаро бозгуфт.

Аслиддин мегуфт: "Кабкро мешавад дар кафас доштан, вале укоб тахаммули ин кафасро надорад. Укоб чонвари озодаст ва чои сайри у пахнои осмони кабуд ва аз арзишу озодагии хеш огох. Инсон хам факат бо сохиби ирода будан ва андешаи озод доштан Инсон аст ва ло аз хайвон камтар аст. Ин ирода ва озоди аст, ки инсонхоро Худогуна мекунад - созанда, офаранда ва сохиби муъчиза. Ва факат ин гуна инсонхо метавонанд сохиби дин бошанд ва сохиби Худо ва миллат. Зеро гулом наметавонад Худоро бишносад. Худо, бандагони озоди хешро дуст дорад.

Одам аз бебасари бандагии Одам кард,

Гавхаре дошт, вале назри Кубоду Чам кард,

Яъне, аз хуйи гуломи зи сагон хортар аст,

Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард."

Инхо андешахои такрор ба такрори у буданд.

Баъзан аз сухбатхо бо ашхоси кундзехн хаста мешуданд ва изхори норохати мекарданд:

"Гами ин хуфтае чанд,

хоб дар чашми тарам мешиканад".

Ман хеле кам бо у будам, вале гуйи хамеша бо у будам.

Ман имон дорам, ки рехлати Аслиддин як таконе хохад шуд дар маърифати мардум, худшиноси ва Худошиносии онхо ва шинохтани арзиши хеш. Рушанфикрон ва чавонони арзишманд аз андешахо ва ахлоки хамидаи у илхом хоханд гирифт, пирони ботадбир ва бо имон мураттаб ба у дуъо хоханд кард ва тифлони нозпарварди мо дар мадрасахо ба номи у дуруд хоханд фиристод. Садхо ва хазорон модарону падарон ба номи у навзодони худро номгузори хоханд кард. Зеро, "харгиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишк". Ин ишк хамон имон аст, имон ба миллат ва бар Худои (ч), ки намунаи он имони Аслиддини Сохибназар буд.

Ман кушиш мекунам дар хар намоз (агар Худованд насиби намоз бигардонад) ёди уро бикунам. Аввалан шукри Худоро(ч), ки чунин неъматхоро барои бандагони хеш арзони дошта ва дувум дархости омурзиши рухи поки уро, ки Худо(ч) рахматаш кунад ва шоистаи чаннат.

Намедонам, дар боло чи навиштаам. Факат хаминро медонам, ки ончи дилам гуфт, онро навиштам ва аз сузи дил навиштаам. Сузе, ки хеч оромам намегузошт ва намегузорад. Ва ин харфхои навишта хам омехтаи ашканд, ашки дил, ашки таасуф...

Ашк,ба фарёдхои укда монда дар синаи Аслиддин. Ва он фарёдхои уро бояд бурун кард, хама вакт ва дар хама чо, дар намозу дар ибодату розу ниёз бо Худо(ч). Он чо, ки нуктаи охирини фарёд аст!

Ва ин марсия хам дар суги уст, ки у хам дуст буд ва хам муршиди рахнамо:

Миллати озодаро дилхун хаме бояд гирист,

Чок бар тан пирахан-гулгун хамебояд гирист.

Нола бояд? Ашк бояд? Ёфигон?-Дар хайратам:

Мотами ин Бесутунро чун хамебояд гирист?

Бар чунин яктози миллат, бар чунин фарзонае

Бо фигону шевани Мачнун хамебояд гирист.

Модари точикро з-ин дарду з-ин сузу фирок,

То абад пайваставу махзун хамебояд гирист.

Гиря кун эй Рашт, эй Хатлон, Бадахшон, эй Хучанд,

Алхусус Дарвози манро хун хамебояд гирист.

Сели дарёбор бор, шур афкан эй абри гамон,

Эй чахонбин, дам ба дам Чайхун хамебояд гирист.

Синахо пуроташу, бар лаб фигон, дил гарки хун,

Аз дили хар гард то гардун хамебояд гирист.

Анчуму шамсу камар аз дарди мо дар гафлатанд,

Гафлати ин халкро хомун хамебояд гирист.

Зуфунуне даргузашту зуфусунон мондаанд,

Миллате дар хоби садафсун, хамебояд гирист!

Минбари мардум шикасту рухи маъни шуд хароб,

Бар шикасти минбару мазмун хамебояд гирист.

Ё ба Конуне, ки хар дам бишканандаш шишасон,

Ё ба заъфи миллати "Конун" хамебояд гирист.

Хочиё, хар шаб дуъо бояд барои Аслиддин,

В-аз чафои ин чахони дун хамебояд гирист.


Хайдаршохи Акбар,

шахри Бишкек, 27.07.2005 сол.

/ 2 نظر / 46 بازدید
شاهرخ

دیروز خبر بسیار خوبی را از سوی دوستان بیشکک شنیدم. بسیار خوشحال شدیم. مبارک باشد.

Firdavsi

به روز مرگ چو تابوت من روان باشد به روز مرگ چو تابوت من روان باشد گمان مبر که مرا درد این جهان باشد برای من مگری و مگو دریغ دریغ به دوغ دیو درافتی دریغ آن باشد جنازه‌ام چو ببینی مگو فراق فراق مرا وصال و ملاقات آن زمان باشد مرا به گور سپاری مگو وداع وداع که گور پرده جمعیت جنان باشد فروشدن چو بدیدی برآمدن بنگر غروب شمس و قمر را چرا زبان باشد تو را غروب نماید ولی شروق بود لحد چو حبس نماید خلاص جان باشد کدام دانه فرورفت در زمین که نرست چرا به دانه انسانت این گمان باشد کدام دلو فرورفت و پر برون نامد ز چاه یوسف جان را چرا فغان باشد دهان چو بستی از این سوی آن طرف بگشا که های هوی تو در جو لامکان باشد