يادبود

Asliddin

БИСМИЛЛАХИ РОХМАНИ РАХИМ
ИННА ЛИЛЛАХИ ВА ИННА ИЛАЙХИ РОЧИЪУН
АСЛИДДИН САРМОЯИ НОТАКРОРИ КАВМ
Пеш аз хама таъзия ва тасаллияти хешро ба хонаводаи азиз ва мухтарами мархум - фарзандон, бародарон, ёру ошно, онхое, ки уро хатто гоибона медонистанд ва азиз медоштанд, ба мардуми Точикистон, ки талафоти бузургеро имруз эхсос мекунанд, зеро у худ як сармояи милли буд, ки ин миллат шояд дар дахсолахо ва шояд садсолахо ба майдони сиёсат ва фарханги хеш пешкаш намуда буд.
Солхо дар Каъбаву бутхона менолад хаёт,
То зи базми ишк як донои роз ояд бурун.
Ва чи кадар мушкил аст ин чои холиро пур кардан ва абармарде ва чавонмарде ба сифатхои ин мархум парваридан ва ба хидмати мардум хозир кардан.
Аслиддин аз он ашхоси камтарине буд, ки риёро бар худ бегона сохта ва аслан онро раво намедонист. Ва хар монеъае,хар масъалае, ки барои у хар лахза пеш меомад аз ин хислати у буд. Ва боз хамин хислат буд, ки пешазхама мардуми одди дусташ медоштанд.
Садои у таскини дилхои хаста буд ва маънии каломаш умеди калбхои шикаста.
Харчи гуфт рост гуфт. Ва хар пешниходи у аз андешаи солими у буд ва аз нияти поки у.
Ман дар тули солхои огохи аз андешахои у, солхои ошнои ва солхои хамкори, уро барои худ омухтам ва медидам, ки шахсест бо хислатхои чомеъи ахлоки инсони, рушанфикри расида, ва дар касби худ комил.
Ман барои у чахор буъд - чахор сифатро чудо кардам:
Имон, инсоф, адолат ва часорат.
- Имони кави ба Худо ва миллати хеш. - посдоштани суннатхо ва арзишхои милли, ахлок ва мукаддасоти дини.
-Инсофро дар хама чо комилан риоя мекарданд, хатто бо онхое, ки ба у нодусти меварзиданд.
- Адолатро хуб риоя мекарданд ва ба хеч кас, хатто ба наздиктарин ашхосаш дар ин боб имтиёз мукарар намекарданд.
- Ва Часорате, ки дар рохи рости ва сухани хак аз хечкас бим ва тарсе надошт.
Ин хислатхои мардони ростин ва мардони рохи Худоянд!
Дидем, ки базе ашхос инсофро дар нисбати у риоя намекарданд ва нодида мегирифтанд, баробари мекарданд ва хато бологари. Бехабар аз он, ки галат мекарданд ва галат мекунанд.
Зи руи дуст дили душманон чи дарёбад,
Чароги мурда кучо шамъи офтоб кучо.
Боре ман китоби "Футуватнома" - ро мехондам ва фаслеро, ки дар мавзуъи Али (р.а) ва таквои у буд.
Халифа буд ва баъзеашхоси беарзиш дашномаш медоданд, у гузашт мекард ва ба дигаре хам гузашт мекард, гузашти дар гузашт... ва саранчом курбонии ин гузаштхо ва адолати хеш гашт.
Андешаам набардошт ва ба худ гуфтам : магар хукуматдори хамин аст? Сиёсат хамин аст, ки ба хама беинсофу хатокор гузашт куни?
Давлат магар ин тавр мешавад? Ва хостам сахифаро иваз кунам, варак пора гардид. Ва ин вараки пора чун фоле аз хатоандешиданам хабар дод.
Замон ва мухите, ки араби чохил, мардуми чангчуи беинсоф, ки барои як мавзуъи оди садхо сол дар чангу ихтилоф мегаштанд, хечгуна гузаштеро намеписандиданд, шаробу, маишату, фасод маънии зиндагии онхо буд, магар поки ва инсофро базуди метавонистанд дарк кунанд?
Пайгамбар (а) ва асхобаш (р.а) дар пеши чашми онхо гузаштхо мекарданд, ки яъне метавон гузашт кардан. Дар хама кор намунаи шахси нишон медоданд ва худро курбонии рохи инсоф, ахлок ва рости мекарданд, то дарс бигардад барои ин чомеъаи хому дур аз маърифат.
Онхо таквои хешро, инсофи хешро, гузаштхои хешро мактабе сохтанд барои дигарон. ва саранчом бо курбонии хаёти худ, чомеъае сохтанд дар тули хаёти башарият нотакрор ва намуна.
Ман ояе аз Куръони мачидро барои Аслиддин ва чунин ашхоси чонбакаф дар рохи инсофу адолат нисбат медодам:
"Ва он касеро, ки дар рохи Худо кушта шуда, мурда напиндоред, балки у зиндаи абади аст, валекин шумо ин хакикатро нахохед ёфт" (2 / 154).
Ба умеди Худо, Аслиддин аз чунин ашхоси худовандист!
"Баъд аз вафот турбати мо дар замин мачуй". Бале, синаи поки чавонмардон манзилгахи рухи поки ин шахсиятхои нотакрор аст.
Ин андешаро бояд бовар кард ва кабул кард.
Орзу доштам, хар яке аз ин кавм дар хар гушаю канори ин дунё, ки хаст, боре ба ин марди шучоъ ва боинсофу, поктинат дуъое бикунад ва аз Худои бузург Рахмати уро дархост кунад.
Хайдаршохи Акбар
ш.Бишкек 12 июли 2005 сол




/ 0 نظر / 25 بازدید