ДУРУСТ БИНАВИСЕМ

 

АНТИҚӢ, АНТИҚА – АТИҚӢ, АТИҚА

Маънои ин калима ба форсии тоҷикӣ «куҳан», «бостонӣ» мебошад ва асли он арабӣ عتیق - муаннас - عتیقهҷамъаш - عتائق (عتایق) аст ва номи маҳаллае дар Бағдод низ ҳаст. 

Дар навиштори мо ин калима ғолибан ба сурати «антиқа, антиқӣ» меояд, ки маълум аст, ба таъсири навишти русии он «античный» чунин сурат гирифтааст ва ҳарфи «н» афзудаи русист.
Дар адабиёти куҳан ин калима ба маънои ҷом, санги қиматӣ, лақаби ҳазрати Абӯбакр (р) ва Байти Атиқ ба маънои Каъба низ омадааст:


Поянда давлати туву бедор бахти ту
Мизони асрҳои ҷадиду атиқ бод.
                                (Абулфараҷи Рунӣ)
Ҷумла ойина як ҳадид бувад,
Хоҳ атиқ асту хоҳ ҷадид бувад.
                          (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
Фирефт ёри шакарбори ман маро ба тариқ,
Ки шеъри тоза бигӯву бигир ҷоми атиқ.
                                           (Мавлавӣ)
Пора-пора хокро дар хун гирифт,
То атиқу лаъл аз он берун гирифт.
                                       (Шайх Аттор)

Паноҳи дини Худову муъини шаръи Расул – 
Умар, ки ҳамчу Атиқу Аливу Усмон аст.
                                     (Амир Муъизз
ӣ)
Ту меҳри ёрон бо Аҳли байт дор ба ҳам,
Ки будаанд Набиву Атиқ дар як ғор.
                                    (Қавомии Роз
ӣ)
Дин ба вақти Атиқ буд ҳилол,
Пас ба Форуқ ёфт иззу камол.
                                         (Сано
ӣ)
Ба роҳи Каъба ҳалокам, намекун
ӣ бовар
Ту, эй ки беҳуда боз омад
ӣ зи Байти Атиқ.
                                    (Ғолиби Деҳлав
ӣ)

 

 

ТОЗА – ПОК, ПОКИЗА

Ин калимаҳои дар назари аввал маъруф ва шинохташуда ҳеч ҷойи таҳқиқу баррасӣ надоранд, вале масъала ин аст, ки аксаран дар гуфтори мардум «тоза» ба маънои пок ва покиза ва ахиран дар гуфтори баъзе туҷҷор ва аҳли бозор ба маънои асл (зидди қалб) ва ҳатто дар мавриди инсон (яъне боасолат, босадоқат) ба кор бурда мешавад, моли тоза, мошини тоза, одами тоза ва… мегӯянд. Дар асл «тоза» маънои нав, ҷадид, шодоб ва ботароват-ро дорад ва ҳаммаънои он, масалан, дар забони русӣ калимаи «свежий» мебошад ва ҳаммаънои «пок, покиза» «чистый», ҳам ба ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам маънавӣ.

 
Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,
Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав.
                                          (Ҳофиз)
Гуфтам, ки кистӣ ту, чунин шоду тозарӯй?
Боз ин дарахт чист, чунин сабзу обдор?
Гуфт ин дарахт дини Худову паямбар аст,
Ман давлатам, гирифта ба наздики ӯ қарор.
                                    (Амир Муъиззӣ)
Дӣ тозагуле зи гулшан овард насим,
К-аз нагҳати он машоми ҷон ёфт шамим.
                               (Абӯсаъиди Абулхайр)
Аз оҳи ҷигартоб сияҳрӯй бимонам,
Гар гиряи ман рӯйи маро тоза надорад.
                              (Амир Хусрави Деҳлавӣ)
Хезу халлоқи ҷаҳони тоза шав,
Шуъла дар бар кун, халиловоза шав.
                                        (Иқбол)
Тарҳи ишқ андоз андар ҷони хеш,
Тоза кун бо Мустафо паймони хеш.
                                             (Иқбол)

Бо мулоҳизаи ин байти охир «тоза кардан»-ро дар мавридҳои лозим метавон ба ҷойи «таҷдид кардан» ба кор бурд. 

            Аммо «пок» агарчи дар ибтидо ба маънои зоҳири ин нукта далолат мекунад, яъне зидди касиф, ҷанбаи маънавии он барҷастатар шудааст ва замоне, ки ба чизе мо пок мегӯем, зеҳни мо ба сӯйи покии маънавӣ ва шаръӣ (ҳалол) меравад. Масалан, оби пок, хоки пок, ҳавои пок, инсони пок, либоси пок, агарчи ҳар яке аз ин ибораҳо метавонад ба покии шайъӣ ва зоҳирӣ низ далолат намояд. Дар ин миён калимаи «покиза», ба маънои покии зоҳирӣ ва ҷисмӣ мушаххас мегардад ва ин думаъноӣ то ҳадде аз байн меравад. Агарчи покиза ба маънои покии маънавӣ низ зиёд ба кор бурда шудааст. Масалан дар калимаи «покизагавҳар» ин маъно равшан аст.
              Гар хок туйӣ хоки туро хок шудам,
              Чун хоки туро хок шудам, пок шудам.
                                               (Абӯсаъиди Абулхайр) 
            Худоё, зоти ин покиза гавҳар,
            Бувад то рӯзи маҳшар тозаву тар.
                                                   (Сайидои Насафӣ)

Аммо асли манзур ин аст, ки тафовути миёни тоза ва пок, покиза-ро бидонем ва муроъот бикунем. Тоза-ро ба маънои нав, шодоб, ботароват (свежий) ва пок, покиза-ро ба маънои «чистый», чи зоҳирӣ ва чи маънавӣ ба кор бубарем.

 

ФАРОМАДАН – ФУРОМАДАН

(ФУРОВАРДАН – ФАРОВАРДАН)

 

         Ин калимаи дар Тоҷикистон ва умуман Мовароуннаҳр машҳур ва дорои маънои маълуми омм дар адабиёти классикӣ камтар истифода доштааст ва аз бойгонии электронии назми форсӣ-тоҷикии «Дурҷ» танҳо дар як маврид ба назар расид:

         Фитод овозаи ҳуснат ба олам,

         Зи тахти дилбарӣ Юсуф фуромад.

                            (Туғрали Аҳрорӣ)

         Табиист, ки агар дар ин бойгонӣ намунаи осори шоирони дигари Мовароуннаҳри қарнҳои 19-20 вуҷуд медошт, ин байт бо ин калима мунҳасир ба фард намешуд. Ба сабаби мушоҳидаи камтари ин калима дар матни адабиёти классикӣ ҳамчунин талаффузи дугонаи он ( фуромадан ё фуровардан) дар баҳсҳои забонии ахир дар фазои маҷозӣ (интернет), саҳифаи «Дуруст бинависем» (ки дар заминаи силсилаи мақолаҳои «Ғалат нанависем» ташкил гардид) мушоҳидаҳои ҷолиб ва омӯзандае ба миён омад. Яке аз ширкаткунандагони ин гурӯҳ С. Саидова чунин суолро тарҳ мекунад:

         «Аз ибораи "фуруд омадан" то "фаромадан" чи гуна тағйир ёфтанҳо ба вуҷуд омада бошад? "Фаромадан"-ро ҳам дуруст шуморидан мумкин? Дар адабиёти классикӣ қариб, ки намебинем».

         Ба ин суол чунин посух дода шуд:

«Фаромадан мухаффафи пайвастаи «фуруд омадан» аст бо васли у бо о, ки дар пайванди калимаҳо вокеъ мешавад. Шакли миёнагинаш дар шеваи Масчоҳ «фурдомадан» вуҷуд дорад, ки ҳамин ҷараёнро нишон медиҳад. Бинобар ин фуруд омадан, фуру омадан, фуромадан дуруст аст ва аз фаромадан ба асл наздиктар, чун «фаро омадан» ва «фароҳам омадан» ҳам дорем, ба маъноҳои дигар».

         Пас аз ин тавзеҳот аз тарафи ширкаткунандагони дигари мубоҳиса назарҳои бисёр омӯзанда ва ҷолиб дарёфт гардид, ки қобили дарҷ мебошанд. Аз ҷумла:

         Матлуба Меҳр: «Дар гӯйишҳои мо ҳам «фурдомадан» ва ҳам «фурдомадан» мустаъмал аст. Аз асп, кӯҳ, дарахт… «фурдомадан» мегӯянд, вале аз мошин, автобус, трамвай… фуромадан. Дигар, манзур аз «гӯйиши мо» гӯйишҳои кӯҳистони шимолу шарқи Тошканд ва шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои Сариағочи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ (Чимкент) аст. Бо вуҷуди муҳити танги забонӣ ва олудагиҳои луғавие ношӣ аз чунин муҳит, ин мардум ба таври умда забони мактаби худро ҳифз кардаанд…»

Мирзошо Ватаншоев: «Агар хотира бевафоӣ кунад, аз дӯстон маъзарат...Ин чандин сол қабл...соли 1967 буд...дӯсти ҳамсабақ - ҳамкурс ва барои абад ҷавони ман Раҳмонқул Облоқулов , ки баъдан дар ҷанги Афғонистон шаҳид шуд, дар як таътили зимистонаи даврони донишҷӯӣ ману рафиқи дигари кӯлобиаш Донахон Нодирхоновро бо худ ба Самарқанд, ба зодгоҳаш - рустои зебоманзари тоҷикнишин - Оҳалик бурд. Ман қиссаи ин сафар ва меҳмоннавозии тоҷиконаи ин оиларо батафсил навишта будам, вале ҳоло сухан сари ин нест...Хуллас, дар як автобуси майдаи даврони Шӯравӣ аз шаҳри Самарқанд ба ин деҳа равон будем ва даруни ин автобус ман шунидам, ки мусофирон "Шумо мефуроед?" намегуфтанд, тавре, ки мо одат карда будем, балки чунин мепурсиданд: "Шумо мефурудоед?», ки бароям он вақт аҷиб менамуд....»

Нусратулло Бобоев: Дар шеваи Ворух низ шаклхои фурдомадан (фурдумадан) : фурдо-яъне фуро (феъли фармоиш ба шахси дуюми танҳо), фурдумад-яъне фуромад (замони гузаштаи ин феъл), мефурдод-мефурод (замони оянда), фурдумадсодас ва ё фурдумадиштас-яъне фуромада истодааст (замони хозира)... роиҷ аст».

         Аз ноҳияҳои дигар ҳам ба тасдиқи ин маъно назарҳо дарёфт шуд, вале бо ҳамин иктифо мешавад ва ин шарҳи нисбатан муфассал низ ба хотири он аст, ки мо на ба як мавриди ҷузъӣ балки масъалаи усулӣ ва куллӣ рӯбарӯ ҳастем. Имрӯз бисёр касоне ҳастанд, ки ба маҳзи мушоҳида накардани як калимаи роиҷ дар забони гуфторӣ ва навиштории тоҷикӣ дар мутуни қадим ва хусусан гуфтору навиштори ҳамзабонон онро унсури лаҳҷа ва маҳдуд ба гӯйиши як минтақа шумурда аз матни забони умумии мо хориҷ карданӣ мешаванд. Ҳамон навъ муомилае, ки замоне дар баробари он устод Айнӣ аз калимаи «ҷангара» дифоъ карда ва онро умумифорсӣ номида буд. Вақте мо хитоби «мефурудоед?»-ро мешунавем, гумон мекунем, ки порае аз шеъри устод Рӯдакиро қироат мекунанд. Танҳо ин аст, ки ҷузъҳо пайваст шуда ва ин аз қоида мустасно нест. Ин навъ дурдонаҳои пурбаҳо чӣ зиёданд дар гуфтори мардум, ки имрӯз бо «иродаи Айниёна» (таъбири худи устод) бояд гирдоварӣ шаванд, на ин ки тард. Ва ба таъбири устод Айнӣ, ки дар мавриди калимаи «ҷангара» гуфта шудааст ва дар ин маврид ҳам сидқ мекунад: «Дар ҳар ҳол ин гуна калимаро, ки ҳеч набошад ҳамаи муштақоташ дар адабиёт ва гуфтугузори ҳамаи форсизабонон кор фармуда мешавад ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи форсист, аз оилаи забони форсӣ бароварда партофтан – дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.»1

         Хулоса, шакли дурусти ин калима, ки рабти онро бо решаи куҳанаш ҳифз мекунад «фуромадан» (фуровардан) аст ва калимаи асл ва адабии тоҷикӣ-форсӣ буда, бояд ба ҳамин шакл (фуромадан) ҳамеша мавриди истифода бошад.

 

____________

 

1. (Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. – Душанбе: Дониш, 1978,

с.79-80)         

 

/ 2 نظر / 81 بازدید
جواد

سلام دوست عزيزم! خوبي؟ اگه ميخاي هر روز يه شارژ يه بيشتر گيرت بياد برو اين سايت http://jokkade.ir ثبت نام کن و پست بزار ( جوک , اس ام اس) هر چي دوست داري@ بعد هرچي لايک بگيري بهت امتياز ميدن و اگه مجموع لايک هات به 100 برسه بهت يک شارژ 10000 توماني ميديم! ( هر 100 امتياز يا همون لايک 10000تومان شارژ موبايل اگه دوست داشتي امتحانش ضرر نداره! فقط 2 ثانيه ثبت نام

سميرا

ممنون مطلب جالبي بود ! به منم سر بزن ! با اجازه من لينکت ميکنم